Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди гурӯҳҳои озодии матбуот аз Молдова


Гурӯҳҳои байналмилалии озодии баён аз Молдова барои адами иҷозаи вуруд ба 18 хабарнигори руминӣ, ки мехостанд ошӯбҳои Кишиневро пӯшиш диҳанд, танқид кардаанд. Дар изҳороти ҷудогона созмонҳои Хабарнигорони бидуни марз, Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфтанд, ки тасмими мақомоти Молдова ғайриодилона буд. Хабарнигороне, ки барои расонаҳои руминиву хориҷӣ кор мекунанд, рӯзи сешанбе иҷоза наёфтанд вориди Молдова шаванд, то ки аз эътирозҳои зиддикоммунистии пойтахти ин кишвар гузоришҳо таҳия кунанд. Ин ду гурӯҳи мудофеи озодии баён рӯзи чоршанбе гуфтанд, ки монеаи мазкур аз пӯшиши муносиби рӯйдодҳои Молдова ҷилавгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG