Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон пешниҳоди музокираро бо Ғарб меомӯзад


Қабл аз роҳандозии ҳама гуна музокирот бо Амрико Эрон ният дорад пешниҳоди Ғарбро муфассал мавриди омӯзиш қарор диҳад. Мушовири аршади раиси ҷумҳурии Эрон Алӣ Акбари Ҷавонфикр дар ин замина ба хабарнигори Reuters изҳори назар кардааст. Пешниҳоди мазкурро рӯзи чоршанбе ИМА, Русия, Чин, Фаронса, Олмон ва Бритониё баъди музокираҳо дар Лондон ироа карданд. Ба фарқ аз мақомоти пешинаи Кохи Сафед, ки аз музокироти мустақим бо Эрон худдорӣ мекарданд, Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, ки ният дорад масъалаи бӯҳрони ҳастаиро ба таври мустақим бо мақомоти Эрон баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG