Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба полис дар амалиёти зиддинашъаи Ҳилманд


Полис мегӯяд, ки дар натиҷаи амалиёти зидди қочоқи маводи мухаддир дар ҷануби Афғонистон як маргталаби бомбгузор панҷ афсари полисро кушта чаҳор нафари дигарро маҷрӯҳ намуд. Оқои Камолиддин, муовини полиси вилоят гуфт, ки маргталабе имрӯз ба гурӯҳи полис дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, бузургтарин минтақаи тавлиди нашъа, ҳамла кард. 90 дар сади нашъаи ҷаҳон дар Афғонистон тавлид мешавад. Тибқи арзёбиҳои СММ соли гузашта ҳудудан 500 миллион доллар даромад аз тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир ба кисаи Толибон ва гурӯҳҳои ҷиноии дигар дар Афғонистон рафтааст.
XS
SM
MD
LG