Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти аъзои эҳтимолии Ал-Қоида дар Туркия


Тибқи гузоришҳо, хадамоти умури зиддитеррори Туркия 28 нафарро бо эҳтимоли иртиботи онҳо бо шабакаи Ал-Қоида боздошт намуд. Хабаргузории Анатолия аз қавли Маҳмад Қиличлар, як мақоми ҳукумати маҳаллӣ гузориш медиҳад, ки амалиёти боздошти ин афрод дар шаҳри ғарбии Эскисеҳир ҷараён гирифт. Феълан мақомот аз додани тафсилоти бештари ин хабар худдорӣ мекунанд. Бахши туркии шабакаи Ал-Қоида масъули бомбгузорӣ ба ду каниса, шӯрои Бритониё ва Бонки Бритониё дар Истамбул дар соли 2003 мебошад. Дар натиҷаи ин ҳама ҳамлаҳо 63 нафар кушта шуда садҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд.
XS
SM
MD
LG