Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони Тоҷикистон бо пирӯзии варзишгарони Душанбе ба анҷом расид.

Саркотиби ин мусобиқа Зебо Улуғхоҷаева ба Радиои Озодӣ гуфт, сабқати ҷумҳуриявӣ дар пойтахти кишвар бо ширкати 78 шатранҷбози синнашон аз 8 то 20-сола аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ тӯли як ҳафта идома кард.

Шатранҷбозони душанбегӣ Синои Илҳом ва Озода Мирзоева байни кӯдакони то 8-сола, Эраҷ Насриддинов ва Наргис Исмонова миёни бачаҳои то 10-сола, Умар Насриддинов ва Мутрибаи Илҳом дар гурӯҳи наврасони то 12-сола, Шодмон Мирзозода ва Сарвиноз Каримова байни наврасони то 14-сола, Алиёр Чоршанбиев ва Марворид Насриддинова дар гурӯҳи навҷавонони то 16-сола, Темур Гадоев ва Меҳрангез Раҳматова байни ҷавонони то 20-сола ҷойҳои аввалро касб карда, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Ба гуфтаи Зебо Улуғхоҷаева беҳтарин шатранҷбозони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё моҳҳои май-июн дар Шри-Ланка, инчунин, дар сабқати ҷаҳонӣ моҳи ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG