Пайвандҳои дастрасӣ

Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон хостори баргузории як гирдиҳамоӣ бо ширкати соҳибкорони бозори «Зарнисор» дар шаҳри Душанбе шудаанд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи масъулони бозори “Зарнисор”, дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки номаи муштараки раҳбарони ин ҳизбҳо дар наздиктарин фурсат ба шаҳрдории Душанбе фиристода хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, зери ин нома ҳамчунин гурӯҳи соҳибкороне аз бозорҳои “Роҳи Абрешим” ва “Профсоюз”, ки қаблан аз тарафи шаҳрдорӣ тахриб шуда буданд, имзо гузоштаанд.

Ҳафтаи гузашта Раҳматилло Зойиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон эълон карда буд, ки аз мақомоти Душанбе барои ташкили як гирдиҳамоии гурӯҳе аз соҳибкорон иҷоза мехоҳад ва агар посухи радд гирад, ба гуруснанишинӣ даст хоҳад зад.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, тасмими сотсиал-демократҳоро дар мавриди ташкили гирдиҳамоии соҳибкорони бозори “Зарнисор” саривақтӣ медонад. Ба гуфтаи вай, дар ҳоле, ки мақомот ва додгоҳҳои кишвар натавонистанд ба доди зиёндидаҳои “Зарнисор” расанд ва роҳҳали мушкили онҳоро пешниҳод кунанд, гирдиҳамоӣ охирин роҳи додхоҳӣ ва талаби ҳаққи шаҳрвандии онҳо хоҳад буд: “Дар матлаби мо ягон банди зиддиқонунӣ нест. Фикр мекунам, агар мақомоти Душанбе ин гирдиҳамоиро иҷоза диҳанд ва он дар чорчӯбаи қонун гузарад, моддаи Қонуни асосӣ дар бораи гирдиҳамоӣ амалӣ мешуд. Ва ин танҳо моддае намебуд, ки рӯйи коғаз навиштаанду тамом”.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократ, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров
Баръакси ин, Мӯсо Асозода, раҳбари созмони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар Душанбе, ки раёсати онро президент Раҳмон ба ӯҳда дорад, мегӯяд, наметавонад аз мавқеи аҳзоби мухолифи давлат пуштибонӣ кунад. Вай мегӯяд, бозори “Зарнисор” ғайриқонунӣ бунёд шудааст ва фаъолияти соҳибкоронаш низ ғайриқонунист. Ба қавли ҷаноби Асозода, ҳизбаш аз ҳузур ва фаъолияти соҳибкороне ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ мекунад, ки қонуниянд ва аз кори онҳо ба буҷаи давлат фоида мерасад: “Ҳич зарурат надорад, ки мо фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳе аз соҳибкоронро дастгирӣ кунем. Ҳизби мо ба соҳибкороне дасти ёрӣ дароз мекунад, ки фаъолияти худро қонунӣ ба роҳ мондаанд”.

Ҳизбҳои сотсиал-демократ, коммунист, демократи ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва сотсиалисти ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев чор ҳизб аз миёни ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистонанд, ки ахиран барои дифоъ аз ҳаққи соҳибкорони бозори “Зарнисор” садо баланд кардаанд. Аҳзоби дигари сиёсии Тоҷикистон ҳарчанд хостори нақз нашудани ҳаққи соҳибкоронанд, аммо мегӯянд, наметавонанд аз мавқее ҷонибдорӣ кунанд, ки ҳизби сотсиал-демократ матраҳ кардааст. Коршиносон ҳам бо ишора ба радди дархостҳо барои баргузории гирдиҳамоӣ аз тарафи мақомот, ин талоши сотсиал-демократҳо ва ҳамандешони онҳоро номуваффақ мешуморанд.

Бо ин ҳол, Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи масъулони бозори “Зарнисор”, мегӯяд, ахиран дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ба як номаи шикоятии масъул ва саҳмугузори аслии бозор Ботурхон Талбаков посухи расмӣ додааст. Ҷаноби Қудратов мегӯяд, ин номаи дастгоҳи раёстаҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки ин парванда бори дигар дар Додситонии кулл ва Додгоҳи олии иқтисодӣ баҳсу баррасӣ шавад.

Қаблан, Додгоҳи иқтисодии Душанбе ҳукм карда буд, ки то рӯзи даҳуми апрел бозори “Зарнисор” бо дасти бештар аз шашсад соҳибкор ва бунёдгузорони он тахриб ва замини он ба ихтиёри шаҳрдорӣ гузошта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG