Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони Қаросу аз сафорат кумак хостанд


Деҳаи «Правда»-и ноҳияи Қаросӯ, воқеъ дар вилояти Ӯши Қирғизистон, аз маркази маъмурии ин вилоят дар масофаи 40 километр воқеъ гаштааст.

Дар ин деҳа, ки баъзан ба номи деҳаи Тоҷикқишлоқ низ ёд мешавад, тоҷикону қирғизҳо бо ҳам ба сар мебаранд. Аз сӯҳбат бо мардуми тоҷиктабори деҳа маълум шуд, ки онҳо аз водии Қаротегин ба ин сарзамин муҳоҷир шудаанд. Бо гузашти айём дар гуфтугӯи тоҷикони Қаросӯ лаҳҷаи мардуми Қаротегин хеле хуб ҳифз шудааст. Аммо зимни гуфтугузор тоҷикони «Правда» баъзан вожаҳои узбакиву қирғизиро истифода мекунанд.

Озода Мамадҷонова, омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи ба номи «Правда», мегӯяд, ба манзури тарғиби рақсу таронаҳои тоҷикӣ соли 2006 гурӯҳи ҳунарии «Зебо» ташкил карданд. Хонуми Озода гуфт, ки дар ҳамин ҳол раҳбарии ин гурӯҳро вай бар дӯш дорад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар таъсиси ин гурӯҳ, бо сару либос ва асбоби мусиқӣ таъмин кардани он ҳиссаи Равшан Собиров, раиси Иттиҳодияи тоҷикони ҷумҳурӣ ба номи устод Рӯдакӣ, хеле калон аст.

Озода Мамадҷонова мегӯяд, ки дар муддати беш аз се сол гурӯҳи ҳунарии «Зебо» тавонист, ки дар ҷашнҳои зиёд ширкат кунад ва бо таронаҳои ҷолиб ва рақсҳои дилфиреби тоҷикӣ тамошобинонро мафтун созад. Вай ҳамчунин тазаккур дод, ки баъди машварат бо раиси маҳалла як гурӯҳ занони омӯзгор ва 10 духтари синфҳои болоии мактаби деҳаашонро гирди ҳам овард ва ансамбли «Зебо»-ро таъсис дод. Озода Мамадҷонова афзуд, ки ҳоло гурӯҳи ҳунарӣ базму шодиҳои мардуми деҳаи «Правда»-ро файз мебахшад.

Ба сӯҳбати мо Ҷумъабек Собиров, яке аз сокинони деҳаи «Правда», ҳамроҳ шуд. Вай гуфт, ки аъзои гурӯҳи ҳунарии «Зебо» фақат бо доира ҳунарнамоӣ мекунанд, зеро дар деҳаашон ягон навозандаи асбобҳои мусиқӣ ба сар намебарад. Барои ҳамин, зикр намуд Ҷумъабек Собиров, агар сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дар тайёр кардани кадрҳо ба сокинони тоҷиктабори деҳаи «Правда» дасти кумак дароз кунанд, боиси сарфарозии онҳо хоҳад буд. Ҷумъабой Собиров гуфт, ки дар як ҷамъомади деҳа мӯйсафедон маҳз ҳамин масъаларо дар миён гузоштанд ва аз вайро муваззаф намуданд, ки ин хоҳиши онҳоро ба сафорати Тоҷикистон дар Бишкек бирасонад.

Азизмоҳ Мамадҷонова, узви гурӯҳи ҳунарии «Зебо», дар синфи ҳафти мактаби деҳа таҳсил мекунад. Азизмоҳ воқеан овози хуб дорад. Ба гуфтаи Азизмоҳ, вай мехоҳад, дар оянда овозхон шавад ва барои мардуми диёраш хизмат кунад. Азизмоҳ Мамадҷонова ба дунболи ин изҳор кард, ки бо истифода аз сабти оҳангҳои студиёӣ дар нишасту маҳфилҳо суруд мехонад, вале вақте ки барқ хомӯш мешавад, вай наметавонад, ин маҳфилро гарм кунад.

Ногуфта намонад, ки омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби деҳаи «Правда» Лайло Мамараҳимова ва муаллимаи англисии ин мактаб Райҳона Собирова низ аз истеъдоди овозхонӣ бархурдор будаанд. Ҳасан Машиев, мудири мактаби омехтаи қирғизиву тоҷикии деҳа, мегӯяд, боиси хушҳолии ӯст, ки аксарияти омӯзгорон ва шогирдони синфҳои тоҷикии ин мактаб соҳиби истеъдоди баланд ҳастанд. Аз ин лиҳоз аксари чорабиниҳои мактабро маҳз ҳамин соҳибони истеъдод шукӯҳ ва ранги наву тоза мебахшанд.
XS
SM
MD
LG