Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натиҷаҳои интихоботи Молдова тасдиқ шуд


Комиссиюни марказии интихоботҳои Молдова натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи якшанбеи кишварро тасдиқ карда гуфт, ки 60 курсӣ насиби ҳизби коммунист мешавад. Ҳамакнун ҳизби коммунист ҳақ дорад раиси ҷумҳурии ояндаи ин кишварро интихоб кунад. Намоишҳои эътирозии зидди натиҷаҳои пешакии интихобот рӯзи сешанбе ба хушунат гаравид ва дар натиҷа як нафар кушта ва ҳудудан 270 нафар маҷрӯҳ шуданд. Президенти коммунист Владимир Воронин Руминияи ҳамсояро дар кӯшиши барканор кардани ҳукумат дар Молдова айбдор кард, ин иттиҳомро Бухарест рад мекунад. Қудратҳои ғарбӣ ҳама ҷонибҳоро ба оромӣ даъват карданд. Иттиҳодияи Аврупо аз тавсеаёбии хушунатҳо амиқан изҳори нигаронӣ кард. Дар ҳамин ҳол, бархе хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки мақомоти Молдова ният доранд се хабарнигори руминиро аз хоки худ хориҷ кунанд. РИА "Новости" дар нақли қавл аз мақомоти Русия навиштааст, ки мақомот ин хабарнигоронро дар фаъолиятҳои "муғоир бо қонуни миллӣ"-и ин кишвар айбдор кардаанд. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Руминия бояд тавре рафтор кунанд, ки "парчам ва шиорҳои руминӣ" тамомияти арзии Молдоваро зарба назанад.
XS
SM
MD
LG