Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози эътирозҳои сартосарии мухолифони Гурҷистон


Имрӯз дар пойтахти Гурҷистон шаҳри Тифлис тазоҳуроти серҷамъият шурӯъ шуд. Мухолифин гуфтанд, ки онҳо ният доранд ҳар рӯз то замони ба истеъфо рафтани раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ эътироз кунанд. Яке аз раҳбарони ҷумбиши "Барои ваҳдати Гурҷистон" Эка Беселиа гуфт, ки эътирозҳо дар ҳама шаҳрҳои калонтарини Гурҷистон роҳандозӣ мешаванд. Раиси ин ҷумбиш ва собиқ вазири дифои ин кишвар Ираклӣ Окруашвилӣ дар сӯҳбат бо Caucasus Press гуфт, ки вай аз Фаронса барои ширкат дар ин гирдиҳамоиҳо нахоҳад омад, аммо дар охирҳои моҳи ҷорӣ эҳтимолан ба ватан баргардад. Ноябри соли 2007 Саакашвилӣ эътирозҳои мухолифинро шадидан саркӯб ва ду моҳ баъд интихоботи нави президентиро баргузор кард. Мухолифон гуфтанд, ки натиҷаҳои интихобот тақаллуб шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки мақоми Саакашвилӣ баъди шурӯъи ҷанг бо Русия дар хоки Осетияи Ҷанубӣ заъиф шуд. Моҳи гузашта мақомот иддао карданд, ки як нақшаи тарҳрезии кудаторо фош карданд, ки ба он мухолифин омодагӣ медиданд. Дар пай даҳ нафар боздошт шуданд. Мухолифин Саакашвилиро дар бозии ифлос айбдор карданд. Дар остонаи эътирозҳо вазири умури дохила Вано Мерабишвилӣ дар сӯҳбат бо Reuters гуфт, ки ҳеҷ тағйироте дар Гурҷистон роҳандозӣ нахоҳад шуд. Вай афзуд, ки полис дар ҳама намоишҳои эътирозӣ ҳузур хоҳад дошт, аммо то замони сулҳомез ҷараён гирифтани раҳпаймоиҳо мудохила нахоҳад кард. Ираклӣ Аласаниа, раҳбари дигари мухолифин, ки баъди ҷанг бо Русия аз мақоми намояндагии Гурҷистон дар СММ канор рафт, гуфт, ки мухолифин дар андешаи инқилобе нестанд, онҳо танҳо мехоҳанд, ки адами эътимоди худро ба ҳукумат намоиш диҳанд. Раҳбари рӯҳонии Гурҷистон Иляи 2 аз нирӯҳои амниятӣ тақозо кард, ки ба эътирозҳо мудохила накунанд. ИМА, пуштибони қавии Саакашвилӣ, аз ҳарду ҷониб тақозо кард, ки тамоми талошашонро ба харҷ диҳанд, то ки эътирозҳо бидуни хушунат ҷараён гирад.
XS
SM
MD
LG