Пайвандҳои дастрасӣ

Бонкҳои Тоҷикистон аз ҳукумат тақозо кардаанд, то мӯҳлати баргардондани қарзи кишоварзон дароз шавад. Ба назари Шумо, далели пардохт накардани қарз аз сӯи кишоварзон дар чист? Оё фоизи қарзҳо зиёд аст ё деҳқонон намехоҳанд аз фоидаи гирифтаашон даст кашанд? Роҳҳои алтернативии додани қарз ба кишоварзон оё ҳаст?

Ба назари Шумо, дар ҳоле ки бонкҳои Тоҷикистон ба мушкил рубаруянд, бовар доред, ки қурби сомонӣ нисбат ба доллар поин наояд? Агар давлат мӯҳлати қарзи бонкҳоро тамдид накунад, бонкҳо ба чӣ мушкил рӯбарӯ хоҳанд шуд? Дар шароити бӯҳронӣ оё давлат метавонад моҳонаи ҳармоҳаи мардумро пардохт кунад?

Мавзӯъи аслии шумораи навбатии «Дунёи Иқтисод» ҳамин аст ва назарҳои Шумо дар барнома бо коршиносон ва масъулон дар миён гузошта хоҳад шуд.

Хонандаи мӯҳтарам, дар ин мавзӯъ агар суолоте доред, ки мехоҳед аз масъулин ва ё коршиносон пурсида шавад, марҳабо, ба мо бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG