Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 144-ум


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA), ки 8-уми апрел нашр шуд, байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 4 зина боло – ба радифи 144-ум баромад.

Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистону Қазоқистон ва пеш аз Қирғизистону Туркманистон ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 13-ум қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 9-ум мебошад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 22-юм аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 3. Литва (57). 4. Латвия (61). 5. Узбакистон (76). 6. Беларус (80). 7. Молдова (92). 8. Гурҷистон (109). 9. Эстония (115). 10. Арманистон (124). 11. Қазоқистон (136). 12. Озарбойҷон (140). 13. Тоҷикистон (144). 14. Қирғизистон (147). 15. Туркманистон (157).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Олмон дар ҷои дуввум ва Ҳуланд дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразилия, Итолиё (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Аргентина, Инглистон, Хорватия, Русия ва Португалия ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) инҳоянд: Австралия (32), Ҷопон (35), Куриёи Ҷанубӣ (45), Эрон (53), Арабистони Саъудӣ (55), Баҳрайн (71), Узбакистон (76), Уммон (81), Ироқ (85) ва Қатар (96).
XS
SM
MD
LG