Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияҳои Душанбе: 9-уми апрел


Бештари нашрияҳои чопи Душанбе дар бораи мурофиаи пӯшидаи Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳони вай дар Додгоҳи олии Тоҷикистон хабару матолиб ба нашр расонидаанд.

Бархе аз ин нашрияҳо, аз ҷумла "Озодагон", бо тасвирҳое аз ҳодисаи задухӯрди миёни гурӯҳи Сӯҳроб бо мақомоти амниятӣ дар моҳи майи соли гузашта ёдовар шуда, ҳамчунин, норизоиятии вакилони дифоъ ва пайвандони ӯро аз ҳукми додгоҳ таъкид кардаанд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду рӯз қабл Сӯҳроб Лангариевро ба ҳабси абад маҳкум кард.

«Фараж»,
нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон номаи модари Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохила ва яке аз фармондеҳони Фронти халқиро, ки бо ҳукми Додгоҳи олӣ дар моҳи апрели соли 2005 ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст, ба унвони вазири адлияи Тоҷикистон чоп кардааст. Дар ин нома модари Салимов аз вазири адлия, ки назорат ва идораи фаъолияти зиндонҳо дар ихтиёри ӯст хостааст, ки амри қонун барои адои мӯҳлати ҷазо ба писари ӯ дуруст татбиқ шавад. Зеро то ҳанӯз Ёқуб Салимов, ки инак аз замони ҳабси ӯ панҷ сол сипарӣ мешавад, дар камераи якка нигаҳдорӣ мешавад ва ҳол он ки ӯ бояд тибқи муқаррарот ин мӯҳлатро дар колония бигзаронад.

Нашрияи «Пайкон» зери унвони «Зарнисор»: Гирдиҳамоӣ бошад ё набошад?» назарпурсие доир карда, аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ ва Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мавқеи онҳоро дар ин замина ҷӯё шудааст. Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки ташкили гирдиҳамоӣ ба нишони эътироз ба иқдомоти нописанди ҳукумат бояд як раванди маъмулӣ бишавад ва аз он ҳаросидан даркор нест. Раиси ҲНИТ гуфтааст, ки ин як шеваи суннатии низомҳои демократист ва тамоми дунё аз ин роҳ эътироз баён мекунад ва набояд он митингҳое, ки қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ буд, миллати моро дар занҷири тарсу ваҳм қарор диҳад. Аммо Сайфулло Сафаров гуфтааст, ки ташкили гирдиҳамоӣ ягон зарурат надорад. Ӯ гуфтааст, ки чун бозори Зарнисор аз назари қонун дуруст баста шуда бошад, ҳоҷат ба гирдиҳамоӣ нест. Ва агар нодурст баста шудааст, бояд ин масъаларо додгоҳ ҳал кунад ва мардум набояд вақти худро беҳуда дар кӯча гузаронанд.

«Азия-плюс» як сӯҳбатеро бо Озодаи Раҳмон, яке аз духтарони президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ду соли ахир роҳбарии идораи консулгарӣ дар вазорати хориҷаи Тоҷикистонро дорад, мунташир кардааст. Дар ин мусоҳиба аз таҳаввул ва тағйироти фаъолияти ин идора баъди сари кор омадани хонум Озода сӯҳбат шудааст. Ба гуфтаи хонум Озода, дар ин муддат намояндагиҳоии дипломатии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар дорои ваколат ва салоҳиятҳои бештар шудаанд ва иллати то соли 2010 ба шиносномаи хориҷии биоэлектронӣ гузаштани атбои тоҷик тақозои кишварҳои пешрафта аст ва Тоҷикистон истисно буда наметавонад, чун фурудгоҳҳои ин кишварҳо аз соли 2010 танҳо бо чунин шиносномаҳо шаҳрвандонро қабул мекунанд.

«Чархи Гардун» зери унвони «Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон: - чӣ бояд кард?» матлаберо ба қалами Шамсиддин Каримов, раиси Анҷумани миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба нашр расонидааст. Муаллиф дар матлаб дар бораи аҳаммият ва мақоми созмонҳои иҷтимоӣ сӯҳбат карда, яке аз мушкилоти рушди нокофии онҳоро дар Тоҷикистон дар набуди сиёсати ягонаи стратегияи миллӣ оид ба инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ марбут донистааст. Ба ақидаи муаллиф, бояд як чунин санади муҳим аз сӯи давлат таҳия ва қабул гардад.

«СССР» зери унвони «Котибаҳои қартабоз» як матлаберо дар иртибот ба нақш ва ҷойгоҳи компютер ва интернет дар Тоҷикистон мунташир кардааст. Муаллиф менависад, дар ҳоле, ки имрӯз истифода аз хидмати компютер ва интернет ба як амри маъмулӣ табдил ёфта ва ин тарзи хидматгузорӣ ҳам аз лиҳози сарфаи вақту пул ва ҳам аз лиҳози анҷоми оҷил ва саривақтии мушкилӣ муфид аст, дар Тоҷикистон асосан дар он танҳо ба қартабозӣ машғуланд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG