Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокунишҳои байналмилалӣ ба рӯйдодҳои Молдова


САҲА бори дигар ҳаводиси хушунатомези Молдоваро маҳкум ва ҳамаи гурӯҳҳои сиёсии он кишварро ба хештандорӣ даъват кард. Ин созмон қаблан бо изҳори нигаронӣ дар мавриди дасти дарози дахолати маъмурӣ дар интихоботи Молдова гуфта буд, ки ба сурати умум, он маърака ҷавобгӯи бахши аъзаме ах меъёрҳои байналмилалӣ буд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Роберт Вуд низ гуфт, Вошингтон дар ин маврид ҳамфикри САҲА-ст ва ҳамаи ҷонибҳоро ба оромӣ мехонад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров талаби мухолифин дар бораи шумориши дубораи оро ва ё баргузории интихоботи ҷадид дар Молдоваро талаби бепоя номид ва Думаи давлатии Русия бо нашри як баёния аз мақомоти Молдова пуштибонӣ карда, аз Руминия ва ИА даъват кард, аъмоли тазоҳургарон дар Кишинёвро бо сароҳат маҳкум кунанд. Бо ин ҳол, авзоъ дар пойтахти ин кишвари шӯравии собиқ, шаҳри Кишинёв дар пайи хушунатҳои рӯзи сешанбе нисбатан ором шуд, вале фазои сиёсии Молдова ҳамчунон буғранҷ боқӣ мемонад. Раисиҷумҳури Молдова Владимир Воронин ҳамсоякишвари Руминияро ба даст доштан дар хушунатҳои ахир айбдор кард ва давлати Молдова сафири худро аз Руминия фаро хонда, ба сафири Руминия дар Кишинёв дастур додааст, дар зарфи 24 соат қаламрави Молдоваро тарк кунад. Бухарест иттиҳомоти баландшуда аз сӯи Воронинро “иғво” номида, радд кардааст.
XS
SM
MD
LG