Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии театри Маяковскийи Душанбе дар Русия


Намоишномаи “Исповед”, ё худ “Тавба”-и театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе дар бахши саҳнаи хурд ҷоизаи ба номи Кирилл Лавров, аз ҷоизаҳои мӯътабари театрии Русияро ба даст овард. Коргардони ин намоиш Барзу Абдураззоқов аст, ки мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон ахиран намоиши тозаи ӯ бо номи “ Девонагӣ. Соли 93”-ро манъ карда буданд. Эътои ҷоизаҳои ба номи Кирилл Лавров дар чаҳорчӯби як ҷашнвораи байналмилалии театрӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG