Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алҷазоир интихоботи раёсатҷумҳурӣ барпо мекунад


Алҷазоир имрӯз интихоботи раёсатҷумҳурӣ доир мекунад. Интизор меравад, дар ин раъйгирӣ раисиҷумҳури феълӣ Абдулазиз Бутафлиқо баранда шавад. Бутафлиқо бо тағйири Қонуни Асосӣ инак бори севвум муддаии курсии раҳбарии Алҷазоир шудааст. Ҷангиёни исломӣ дар пешорӯи интихобот ҳамалоти худро афзоиш додаанд ва вазорати умури дохилаи Алҷазоир гуфт, имкон дорад, ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи матбуот дар рӯзи интихобот ин ҷангиён ба мизони ҳамлаҳои худ боз ҳам биафзоянд.
XS
SM
MD
LG