Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишер имрӯз сарвазири Чехия хоҳад шуд


Интизор меравад, раисиҷумҳури Чехия Васлав Клаус имрӯз Ян Фишерро ба мақоми раиси кобинаи ҷадиди вазирони ин ҷумҳурӣ таъйин кунад. Интисоби Фишер бояд ба бӯҳрони сиёсӣ дар Чехия поён диҳад. Ян Фишер ғайриҳизбӣ буда, то ҳол раҳбарии идораи омори кишварро бар ӯҳда дошт ва дар мақоми сарвазирӣ Мирек Тополанекро иваз мекунад. Кобинаи ӯ асосан аз афроди ғайриҳизбӣ иборат хоҳад буд ва ду ҳизби бузурги сиёсии Чехия аз он пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG