Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониҳои заминларзаи Итолиё 260 нафар шуд


Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ гуфт, шумори қурбониёни заминларзаи субҳи душанбе дар вилояти кӯҳистонии Абруззо беш аз 260 нафар шудааст. Беш аз 17 000 тани дигар бар асари ин офати табиӣ бесарпаноҳ монда, дар хаймаҳо ба сар мебаранд. Гурӯҳҳои наҷотбахш рӯзи сешанбе як нафари дигарро аз зери овор зинда берун кашиданд, вале бо гузашти фурсат умеди зинда пайдо кардани афроди беномунишоншуда камтару камтар мешавад.
XS
SM
MD
LG