Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гумонбар дар қатли Руслан Ямадаев боздошт шуд


Мақомоти Русия мегӯянд, як нафари муттаҳам ба ҳамдастӣ дар қатли вакили собиқи Думаи давлатӣ аз Чеченистон Руслан Ямадаевро боздошт кардаанд. Мақомот аммо аз ифшои ҳуввияти ин нафар, ки рӯзи сешанбе дар Маскав дастгир шудааст, худдорӣ меварзанд. Руслан Ямадаев моҳи сентябр дар Маскав кушта шуд. Бародари ӯ Сулим Ямадаев, фармондеҳи маъруф, ки ибтидо аз ҷониби ҷудоиталабони чечен ва баъдан дар ҷониби нирӯҳои Русия меҷангид, низ бар сари як сӯъиқасди дигар дар ду ҳафтаи пеш дар Дубай кушта шуд. Пулиси Дубай Одам Делимхонов, муовини сарвазири Чеченистонро дар тарроҳии қатли Сулим Ямадаев айбдор карда, мегӯяд, дар иртикоби ин ҷиноят шаҳрванди Эрон Маҳдии Лорниё ва як шаҳрванди Тоҷикистон бо исми Мақсудҷон Исматовро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG