Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар музокирот бо Эрон ширкат хоҳад кард


Амрико дар музокироти пешниҳодии 6 қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон бар сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии он кишвар ширкат хоҳад варзид. 5 узви доимии Шӯрои Амният бо изофаи Олмон дар як баёнияи муштарак дар пайи нишасти гурӯҳи “5 ҷамъи 1” дар Лондон гуфтанд, аз раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Хавйер Солана хоҳанд хост, то давлати Эронро барои музокирот даъват кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Роберт Вуд гуфт, маъмурияти раиси он ҷумҳурӣ Барак Обама дар ин музокирот ба таври мустақим ширкат хоҳад кард. Маъмурияти пешини Амрико чунин нишастҳоро умуман сарфи назар мекард.
XS
SM
MD
LG