Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии вазорати молияи Тоҷикистон аз бонкҳо


Вазорати молияи Тоҷикистон мехоҳад, ба ҳукумат барномаи тамдиди замони бозпардохти қарзи бонкҳои тиҷоратиро ироа кунад. Вазорати молия соле пеш ба хотири тавзеъи мустақими қарз ба хоҷагиҳои пахтакор 140 миллион сомониро дар ихтиёри бонкҳои кишвар гузошт. Замони пардохти ин қарзҳо 1 апрел ба поён расид, вале хоҷагиҳои пахтакор ба иллати пойин рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ то ҳол бахши аъзами қарзи худро ба бонкҳо баргардонда натавонистаанд. Бонкҳо, ба навбаи худ, наметавонанд маблағҳои аз вазорати молия дарёфткардаи худро саривақт баргардонанд.
XS
SM
MD
LG