Пайвандҳои дастрасӣ

Воронин Руминияро дар хушунатҳо айбдор кард


Раисиҷумҳури Молдова Владимир Воронин ҳамсоякишвараш – Руминияро ба даст доштан дар хушунатҳое, ки ахиран пойтахти Молдова, шаҳри Кишинёвро таккон дод, айбдор кард. Молдова сафирашро аз Руминия фаро хонда, ба сафири Руминия барои тарки қаламраваш 24 соат фурсат дод. Руминия аммо иттиҳомоти Воронинро “иғво” хонда, радд мекунад. Тазоҳургарон, ки ба натоиҷи эълоншудаи интихоботи парлумонӣ эътироз мекарданд, рӯзи сешанбе бинои парлумон ва қасри раёсатҷумҳурии Молдоваро ғасб карданд. Аммо нирӯҳои амниятӣ шаби сешанбе ба чоршанбе ин ду сохтмонро дубора таҳти назорати худ оварданд.
XS
SM
MD
LG