Пайвандҳои дастрасӣ

Киштии Амрико аз асорати раҳзанҳо раҳо хӯрд


Ҳайъати киштии амрикоие, ки аз ҷониби раҳзанони дарёӣ дар соҳилҳои кишвари африқоии Сомалӣ рабуда шуд, назорати ин киштиро дубора ба даст овардааст. Нохудои киштӣ аммо дар асорат боқӣ мемонад. Пентагон, вазорати дифоъи Амрико, гуфт, як киштии ҷангӣ дар роҳ ба он минтақа қарор дорад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон хостори ҷиҳати поён додан ба раҳзанӣ иқдом кардани ҷаҳон шуд. Соҳилҳои Сомалӣ ба хатарноктарин минтақа барои ҳаракати киштиҳо табдил ёфта, танҳо тайи 5 рӯзи охир дар ин обҳо дасти кам 6 киштӣ зери асорати раҳзанҳо омадааст.
XS
SM
MD
LG