Пайвандҳои дастрасӣ

Тифлис ба намоишҳои эътирозӣ омодагӣ мебинад


Қарор аст, имрӯз дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон, гирдиҳамоиҳои густардаи эътирозӣ шурӯъ шавад. Мухолифин мегӯянд, ба эътирози худ то замони истеъфо додани раисиҷумҳури кунунии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ идома хоҳанд дод. Саакашвилӣ дар тирамоҳи соли 2007 намоишҳои эътирозии мухолифинро саркӯб кард ва ду моҳ баъд дар як интихоботи пеш аз вақт дубора пирӯз шуд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ҷанги кӯтоҳи моҳи августи Гурҷистон бо Русия бар сари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ мунҷар ба заъиф шудани эътибори Саакашвилӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG