Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати шаш қурдати ҷаҳонӣ аз Эрон


Шаш қудрати ҷаҳонӣ -- Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Фаронса, Бритониё ва Олмон дар изҳороте имрӯз гуфтанд, аз масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Ҳавиер Солана дархост мекунанд, ҳукумати Эронро ба гуфтушунидҳои марбут ба барномаи ҳастаии Теҳрон даъват кунад, то ҳалли дипломатии мушкил ҳосил гардад. Онҳо гуфтанд, "ҷиддан аз Эрон даъват мекунанд, аз ин имконият дуруст истифода кунад." Ин изҳорот пас аз гуфтушуниди 5 узви доимии Шӯрои Амният бар изофаи Олмон дар Лондон имрӯз мунташир шуд.
XS
SM
MD
LG