Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои охир хиёбонҳои марказии шаҳри зебои Кишинев моро на ёди оҳангу фарҳанги зебову виноҳои маъруфи Молдова, балки аз паси хабарҳои расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ дунболи эътирозҳои шадиди ҷавонҳову донишҷӯён мебарад, ки ахиран ба хушунат гаравида, таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ба ин ҷумҳурии хурди шӯравии пешин дар қаламрави Аврупои шарқӣ ба худ ҷалб кардааст.

Рӯзи душанбе ҳазорҳо мардуми норозӣ аз пирӯзии ҳизби коммунист дар интихоботи парлумонӣ, ки дар миёнашон ҷавонҳо хеле зиёд буданд, ба намоишҳои эътирозӣ даст заданд. Коммунистҳо дар интихоботи рӯзи шанбе 50 дарсади раъйҳоро бурдаанд ва акнун ҳақи интихоби президентро доранд. Рӯзи сешанбе эъирозҳо идома кард, аммо ногаҳон ба бенизомиву ошӯбҳо табдил шуд: ҳазорҳо нафар ба сохтмони парлумон ва кохи раёсатҷумҳурӣ ҳамла карданд ва ҳукумат барои пахши ошӯбҳо аз нирӯи полис кор гирифт.

Он чӣ ки баъдан маълум шуду боиси таваҷҷӯҳи бештари хабарнигорон гардид, ин буд, ки эътирозгаронро ба хиёбонҳо созмонҳои ҷавонон тавассути сайту блогҳо, шабакаҳои иҷтимоии интернетии мисли Facebook ва Twitter ва СМС, ё паёмҳои телефонӣ ҷалб карда будаанд.

Эътирозҳо аз натиҷаҳои интихобот дар Молдова дар они воҳид дафъатан шуданд. Маълумоте дар ин бора тавассути Интернет аз роҳи сомонаҳои хабарии интернетӣ, веблогҳои хусусӣ ва тавассути чатхонаҳову сайтҳои муоширати иҷтимоӣ пахш шуд. Дар миёни нирӯҳои фаъолтарин - ҷунбишҳои ҷавонони Hyde Park ва ThinkMoldova буданд.

Раҳбари созмони ThinkMoldova Наталя Морар дар беблоги хусусии худ тавзеҳ додааст, ки ӯву панҷ фаъоли дигар тавассути интернет дар бораи ташкил ва баргузории намоишҳои эътирозӣ ба ҷаҳон хабар доданд ва тавонистанд, ки ҳузури 10 ҳазор эътирозгарро дар майдонҳои марказии Кишинев таъмин кунанд. Морар мегӯяд, ки танҳо 10 дақиқа вақт кофӣ буд, ки тасмимҳои зарурӣ гирифта шавад. Баъд чанд соати дигар барои пахши хабар тавассути шабакаҳои интернетии Facebook ва Twitter, веблогҳои дигар ва инчунин паёмҳои телефонии мавсум ба СМС ва имейлҳо масраф шудааст. Як хабарнигор мегӯяд, ки вай ду чунин имейле дарёфт кард, ки ӯро ба маросими фурӯзонкунии шамъе ба хотири изҳори андӯҳ аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ даъват мекард ва аз вай хоҳиш мешуд, ки ин даъватро дар миёни дигар дӯстон паҳн кунанд.

Адриан Блаинскии 21-сола, донишҷӯи риштаи иқтисодии донишгоҳи озоди Молдова ҳам ба майдони Кишинев баромад. Вай дар бораи баргузории эътирозҳо аз сомонаҳои мустақили интернетӣ маълумот гирифтааст: "Баъди он ки ман натиҷаҳои расмии интихоботро шунидам, худам шахсан хостам дар як чунин эътироз иштирок кунам. Мехостам дар бораи интихобот аз телевизиони давлатии Молдова маълумоти бештар ба даст орам, аммо он танҳо кинову мазҳака намоиш медод ва чизе дар бораи эътирозҳо гуфта намешуд. Танҳо манбаи хабарӣ барои ман сайтҳои хабарӣ буд. Ман як сайти интернетиро ёфтам, ки ҳанӯз баста нашуда буд, чунки баъдан аксари онҳо баста шуданд, ва ман аз рӯи он баъд дар бораи эътирозҳои рӯзи сешанбе хабар ёфтам ва вақте ба он ҷо рафтам, дидам, ки аллакай майдон пур шудааст".

Алекси Гертеску, як ҳуқуқшиноси 27-солаи молдованӣ тавассути шабакаи Twitter шумораи телефони мобили худро ба ҳамагон фиристода хостааст, ки ҳар касе агар хабарҳои охиринро дар бораи рӯйдодҳои майдон гуфтанӣ бошад, ба ӯ СМС фиристад. Twitter ба корбарони сабтиномшуда ба ин шабакаи интернетӣ иҷоза медиҳад, ки паёмҳои хурдро тариқи СМС дар он ҷо диҳанд. Ва дар он соатҳо ҳамин барнома аз муҳимтарин манбаи хабарие шуд, ки дар он таҳаввулоти тамоми Молдоваро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ кардан мумкин буд. Алекси дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Ман хабарҳои навшударо дар бораи рӯйдодҳои майдон дар маркази шаҳр, аз марзи басташуда бо Руминия ва дигар ҷоҳо қабул кардам. Ва ин як манбаи хеле муҳими дарёфти маълумот дар бораи таҳаввулоти ахир буд".

Васили Ботнару, раиси бюрои радиои Озодӣ дар шаҳри Кишинёв гуфт, ки ҳузури ҷавонҳои зиёд дар майдон аслан барои мақомот ногаҳонӣ ва ғайримунтазира буд. Барои ҷавонҳо, гуфт вай, санҷише барои корбарии босуръат аз шабакаҳои пешрафтаи фаннӣ буд, ки онҳо онро бахубӣ гузаштанд. Аз назари истифодаи фанновариҳо, бо ин вуҷуд, дар ҷараёни раҳпаймоиҳо корбарӣ аз телефонҳои ҳамроҳ бештар назар ба Интернет мушоҳида шудааст, чунки ҷавонҳо тавассути паёмҳои хурди хаттӣ бо ҳамдигар радду бадал мекарданд.

Ҳузури ҷавонҳои зиёд дар майдон аслан барои мақомоти Молдова ногаҳонӣ ва ғайримунтазира буд ...
Тибқи баъзе маълумот, дар Молдова беш аз 60 дарсади ҷомеа ба телефонҳои ҳамроҳ дастрасӣ доранд ва фаъолияти чор ширкати мухобиротӣ аслан рақобатро дар миёни ин ширкатҳо пурзӯр карда қимати корбарии телефонро хеле дастрас кардааст.

Аммо рӯйдодҳои Кишиневро чӣ тавр мешавад арзёбӣ кард?

Александр Эфтоде хабарнигори бахши молдовании радиои Озодӣ дар Прага мебошад. Вай ин шабу рӯз пайваста аз таҳаввулоти сиёсии кишвараш мушоҳида карда гузоришу хабарҳо таҳия мекунад. Александрро сари компютери кориаш дарёфтам ва нахуст аз ӯ пурсидам, ки оё рӯйдодҳои Кишинёвро мешавад ҳамчун як шакли дигари инқилоби рангае арзёбӣ кард, ки дар қаламрави пасошӯравӣ солҳои гузашта мушоҳида шудааст.

Вай гуфт: "Ба назари ман рӯйдодҳои Молдоваро намешавад ҳамчун як инқилоби ранга арзёбӣ кард ва пеш аз ҳама аз он сабаб, ки эътирозгарон ҳеҷ як рамз ё рангеро ба нишони инқилоб намоиш надоданд. Ҳеҷ як аз ҳизби сиёсии мухолифини кишвар, ки ба парлумон роҳ ёфтанд, дар паси ин эътирозҳо қарор надоранд. Рӯзи сешанбе тамоми рӯз онҳо мегуфтанд, ки дар ташкили эътирозҳо даст надоранд. Дар нимаи дуюми рӯзи 7 апрел онҳо як ҳамоиши тарафдорони худро ташкил карданд ва инҳо набуданд, ки вориди парлумону кохи президентӣ шуданд. Онҳо мегӯянд, ки тарафдоронашон талош доштанд пеши роҳи ошӯбу бетартибиҳоро бигиранд. Ҳоло он чи ки мухолифин аз ҳукумат тақозо мекунанд, ин аст, ки дубора раъйҳои интихобкунандагонро бо рӯйхатҳо муқоиса карда, бубинанд, ки дар куҷо тақаллуб роҳ ёфтааст. Масъала дар ин ки дар чор соли охир мардуми зиёд кишварро тарк карданд, аммо аз рӯи натиҷаҳои интихобот, шумори ширкаткунандагон дар раъйдиҳӣ 100 ҳазор нафар бештар назар ба интихоботи охир мебошад".

Суол: Аммо ҳузури ҳазорҳо ҷавонҳоро дар майдонҳо ва ба таври зӯр ба сохтмони парлумон ва кохи раёсатҷумҳурӣ ворид шудани онҳоро чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?

Александр Эфтоде: "Мардуми бисёр, ҷавонҳои хеле зиёд аз натиҷаҳои интихобот шок шуданд, чунки акнун коммунистҳо на фақат дар ҳукумат мемонанд, балки назар ба гузашта раъйи бештар гӯё ба даст оварда ҳақи интихоби президенти ояндасро ҳам доранд. Ҳанӯз шоми душанбе, пеш аз эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихобот, чаҳор созмони ҷавонони Молдова, ки мустақиланду ба ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ иртибот надоранд, тавассути интернет ва паёмҳои телефонӣ ҷавонҳоро ба маркази Кишинев даъват карданд. Онҳо ба нишони эътироз аз пирӯзии коммунистҳо маросимеро дар маркази шаҳр ташкил карданд: онҳо шамъҳоро фурӯзон карда аз натиҷаҳои интихобот бо ҳамин роҳ тасаллияти худро баён карданд. Паёми онҳо ин буд, ки "Аз натиҷаҳои интихобот андӯҳгин ҳастанд".

Суол: Аммо ба назари шумо ҳастанд бархе нирӯҳои хориҷӣ ё беруна, ки дар тағйири ҳукумати Молдова манфиатдор буда метавонанд?

Александр Эфтоде: "Дар давоми чанд соли охир баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ бо истифода аз он ки дар Молдова нуфузи Руминияву Русия хеле зиёд будааст, ҳар гуна изҳорот пахш мекарданд. Бархе умумияти таърихии Руминияву Молдоваро баҳона оварда ба ҳайати ин кишвар даромадани Молдова даъват мекунанд. Аммо ин он чизе нест, ки ҳукумат ва ё худи Руминия хоҳад. Раиси ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин ҳам чаҳор соли пеш, дар рӯзҳои интихобот нозирони русро бо иттиҳоми кӯшиши анҷоми кудатое аз қаламрави кишвараш истирдод карда буд. Инчунин ҳукумат марз бо Руминияро баста сару садое карда буд, ки эҳтимолан бархе нирӯҳо дар ин кишвар дар андешаи тағйири қудрат дар Молдова мебошанд".

Суол: Мавқеи Руминия дар ин ҳама баҳсҳо чӣ гуна будааст?

Александр Эфтоде: "Руминия манфиатдор нест, ки дар марзҳои ин кишвар бесуботиву бебандуборӣ бошад ва ё ҳукумат бо роҳи хушунат тағйир дода шавад. Ин кишвар узви НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Бухарест дар ин бора ҳамеша изҳорот пахш мекунад. Баръакс, Руминия ҳамеша мегӯяд, ки тарафдори ба ҳайси як давлати мустақил ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо шомил шудани Молдова мебошад".

Дар заминаи эҳтимоли даст доштани ҷонибҳои сеюм дар нооромиҳои Кишинев рӯзи чоршанбе раиси ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин бархе "нерӯҳои мушаххасро" дар Руминия айбдор карда, сафири Бухарест дар Молдоваро persona non grata унвон кард ва аз кишвараш хориҷ кард.
XS
SM
MD
LG