Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поёнрафти Тоҷикистон дар феҳрасти FIFA


Тоҷикистон дар раддабандии Федерасюни байнулмилалии анҷуманҳои футбол якбора чаҳор зина поин афтода, аз ҷои 144 ба ҷои 148 кӯчид. Танҳо Қирғизистон ва Туркманистон аз кишварҳои минтақа аз ин ҷойгоҳ поинтар буда, дар ҷойҳои 155 ва 156 қарор доранд. Қазоқистон дар ҷои 136 ва Узбакистон дар ҷои 76-уманд. Русия низ як зина поин рафта, аз ҷои 8-ум ба нуҳум лағжидааст.
XS
SM
MD
LG