Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мероси пурхатари Шӯравӣ дар Тоҷикистон


Партобгоҳҳои радиоактивии мерос аз замони шӯравӣ, ки солҳо боз нигоҳубини муносиб надоштанд, ноаён амнияти зисти мардум дар шимоли Тоҷикистонро таҳти хатар гузоштаанд.

Ба гуфтаи мутахассисон моддаҳои хатарноки радиоактив аз ин партобгоҳҳо тайи солҳои тулонӣ бар асари боронҳои шадиду, сел берун рехта ва, эҳтимолан, хоку обу заминҳои кишти мардуми маҳалҳои бузурги аҳолинишинро олуда кардааст. Ва Тоҷикистон дар ин партобгоҳҳо миллионҳо тонна маводи хатарноки радиоактивро аз замони шӯравӣ “ҳадя” гирифтааст.

Дар Тоҷикистон мегӯянд, ки нахустин бомби атомии озмоишшуда дар Иттиҳоди Шӯравии собиқро аз ураниюми истихроҷшуда аз захираҳои вилояти Суғд сохтаанд. Ҳоло ин вилоят 55 миллион тонна партобҳои маводи радиоактиви офарандаи дарди сарро мерос гирифтааст ва дар ҳифзу безарар нигоҳ доштани онҳо оҷиз аст. Аз ин аст, ки ҳоло сиҳатии мардум ва муҳити атроф таҳти хатари ин моддаҳои хатарноку кушандаи радиоактив қарор гирифтааст. Аксари ин партобгоҳҳо ҳосили кори корхонаи Востоккредмет аст, ки соли 1945 бунёд шуд ва маъодини ураниюми худи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро коркард мекард.

Ҳоло дар вилояти Суғд 10 партобгоҳи маводи радиоактив вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи Оҷонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам дутои он баста нашудааст. Ду партобгоҳ дар шаҳрҳои Табошар ва Деҳмой дар наздикии маҳалҳои аҳолинишин қарор доранд.

Абдуҷаббор Саломов, муовини мудири Оҷонси амнияти ҳастаӣ дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд хатари партобгоҳҳои ҳастаӣ фалокатбор ҳам набошад, аммо бисёр ҷиддӣ аст.

Танҳо барои бастани партобгоҳҳо дар Деҳмой ва Табошар садҳо миллион доллар зарур аст, ки Тоҷикистони фақир ин гуна пулро надорад. Ҳоло партобгоҳҳои маводи радиоактив дар шимоли кишварро мутахассисони дохилӣ ва ҳамчунин байнулмилалӣ, ба хусус Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ, назорат мекунанд.

Абдуҷаббор Саломов таъкид мекунад, ки тамоми кори мумкин карда шудааст, то таҳдид зери назорат бошад, мардум ва муҳити зист муҳофизат шавад ва мардум ҳам аз ин хатарот огаҳ бошанд. Таври маълум дар замони Шӯравӣ касе доир ба масъалаи маводи радиоактив ва тадобир барои ҳимояти мардум аз хатароти он ҳарф намезад. Аз ин рӯ мардуми атроф ҳам доир ба партобгоҳҳои назди маҳалҳои зисти худ ва хатароти он чизи зиёд намедонистанд. Маҳаллҳои партобгоҳҳо ҳам баста буд ва касе ҳаққи ворид шудан ба онҳоро надошт.

Баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ партобгоҳҳо барои чанд тақрибан беназорат монда ва ба маҳалли бозии кӯдакону чарои ҳайвоноти хонагии мардум табдил ёфтанд ва ҳамчунин ба маҳалле, ки сокинони атроф дар онҷо бо белу каланд аз дохили маводи радиоактив фулуззоти гаронбаҳо меҷустанд. Баъдан ҳукумати Тоҷикистон барномаи давлатии назорат ва нигоҳубини партобгоҳҳои маводи заҳрогини радиоактивро қабул кард. Аммо бо вуҷуди ин табибони минтақа иқдомот барои ҳифзи сиҳатии мардумро кофӣ намедонанд ва аз ноогоҳии мардум аз хатари маводи радиоактӣ ибрози нигаронӣ мекунанд.

Як табиб аз рустои Ғозиён, ки дар наздикии партобгоҳ воқеъ аст мегӯяд, аксари сокинони атроф хатари маводи радиоактивро ҷиддӣ намегиранд. Ин табиб, ки аз бурдани номаш худдорӣ варзид афзуд, баъзан сокинони русто бепарво мегӯянд, ки борҳо ба партобгоҳҳо даст задаанд, вале ба онҳо чизе нашудааст. Вале ин мардум намедонанд, ки таъсири маводи радиоктив ба сиҳатӣ баъди чандин сол зоҳир мешавад:

Мақомоти беҳдоштии вилояти Суғд мегӯянд, ки гирифторӣ ба бемориҳои саратон ва пӯст дар Табошар ва Деҳмой назар ба манотиқи дигар зиёдтар аст ва зоҳиран ин падида ба таъсири бади партобгоҳҳои ҳастаӣ иртибот мегирад. Созмонҳои маҳаллӣ ва Оҷонси амнияти ҳастаӣ дар Тоҷикистон борҳо бо мардуми рустоҳои атроф гуфтугӯ карда ва ба онҳо хатароту роҳҳои ҳифзи сиҳати аз маводи радиокативро фаҳмонидаанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки миллионҳо доллару чандин соли дигар зарур аст, то партобгоҳҳои зарарноки маводи радиоактив баста ва маконҳои олуда поксозӣ шаванд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, ҳар коре, ки ҳоло аз дасти онҳо меояд, назорати партобгоҳҳо аст ва онҳо умедворанд, ки ягон фалокати азим, ба мисли заминларзаи сахту ва сел намеоянд, зеро дар ин ҳолат аз дасти онҳо коре намеояд.
XS
SM
MD
LG