Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбаршудаи қатли Ямадаев дар Маскав


Додситонҳои Русия мегӯянд, як гумонбаршудаи қатли сиёсатмадори саршиноси чечен, собиқ узви маҷлис, Руслан Ямадаевро, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Маскав кушта шуд, боздошт кардаанд. Руслан Ямадаев, бародари Сулим Ямадаев, собиқ фармондеҳи ҷудоихоҳон ва дертар афсари артиши Русия аст, ки моҳи гузашта дар Дубай ба қатл расид. Полиси Дубай бар ин аст, ки куштори Сулим аз тарафи президенти Чеченистон, Рамзан Қодиров тарҳрезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG