Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси равобити Туркияву Арманистон байни Обама ва Алиев


Раҳбари Озарбойҷон, Илҳом Алиев, дар гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, муносибатҳои миёни Арманистон ва Туркияро баррасӣ кард. Дар изҳороти дастгоҳи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон гуфта мешавад, Обама "аз қадамҳои Амрико дар мавриди муносибатҳои Туркия ва Арманистон раҳбари Озарбойҷонро огоҳ кард." Боку муддатҳост, ба ин пойфишорӣ мекунад, ки ҳама гуна созиш бо Арманистон бояд бо гузашти Ереван дар низоъи Қарабоғи Кӯҳӣ мутаносиб бошад. Ин ҷазирақаламрав дар ҷанги оғози солҳои 1990-ум аз Озарбойҷон ҷудо шудааст ва таҳти ҳифозати Арманистон мебошад.
XS
SM
MD
LG