Пайвандҳои дастрасӣ

Донишманди тоҷик дар бораи зилзилаи Итолиё


Даъвои як муҳандиси итолиёӣ, ки мегӯяд, заминларзаи харобиовари шаҳри Лакуиларо пешгӯӣ кардааст, ҳамкорони ӯро водор намуд, то дигарбора бо ҳасрату таассуф сар ҷунбонанд, ки то ҳол наметавонанд, чунин як фалокатро пешгӯӣ намоянд.

Даъвои Гиампало Ҷулианӣ, корманди техникии Пажӯҳишгоҳи миллии геофизикаи Итолиё, ки гуфт, заминларзаро аз рӯи чанд аломат пешгӯӣ ва мардумро ба ҳушёрӣ даъват карда буд, дар Итолиё тӯфонеро барангехт, ки чаро мақомот ҳушдори ӯро нодида гирифта ва маҷбураш карданд, то воҳима накунаду хомӯш бошад. Аммо ин иддаъоро зилзилашиносони зиёде намепазиранд ва мегӯянд, ягон усули собитшудаи пешгӯии заминларза вуҷуд надорад ва даъвои Гиампало Ҷулианӣ дуруст нест.

Андешаи донишмандони тоҷик ҳам чунин аст, аз ҷумла андешаи Фаршед Каримов, муовини Пажӯҳишгоҳи сейсмологияи Тоҷикистон:

«Ман бо корҳои ин муҳандис ошно нестам, аммо он гуна ки фаҳмидам, вай бар асоси аломатҳои баъзе аз таконҳои муқаддамотӣ чунин пешгӯӣ кардааст. Пеш аз ҳар зилзилаи қавӣ чунин таконҳои муқаддамотӣ рух медиҳанд ва дуввум аломате, ки зилзилашиноси Итолиё далел меорад, ҷамъшавии гази радон дар обҳои зеризаминӣ аст, ки ин ҳам дар таҷрибаи байналмилалӣ далели илмии пазируфташуда аст. Баъзан пеш аз заминларза дар воқеъ падидаҳои ғайриоддӣ сурат мегирад, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон мо чунин падидаҳоро мушоҳида мекунем. Аммо дақиқ пешгӯӣ кардани он ки заминларза ба вуқӯъ мепайвандад, бисёр мушкил аст.»

Аммо шумо рафтори он итолиёиро дуруст мешуморед, ки ҳатто бо баландгӯйҳо дар кӯчаҳо мардумро огаҳ мекард, ки ҳушёр бошед, ки заминларза ба вуқӯъ мепайвандад?

«Умуман, ман медонам, ки дар Аврупо Кодекси махсуси пешбинии заминларза қабул шудааст ва рафтори ӯ, яъне ба назди ом баромада эълом кардани заминларза нақзи ҳамон кодекс аст. Вай набояд чунин рафтор мекард, зеро медонед пешгӯии заминларза мушкил аст.»

Яъне, он далелҳои илмие, ки ӯ барои пешгӯии заминларзаи Лакуила овардааст, дар арсаи зилзилашиносӣ чизи наве нест?

«Ин меъёрҳои пешгӯӣ аз қабл маълум буданд, аввал ин таконҳои муқаддамотӣ аст. Ман ба каталоги заминларзаи Лакуила назар кардам ва агар шумо аҳамият дода бошед, се-чаҳор соат пеш аз такони аслӣ таконҳои хурде ба вуқӯъ пайвастанд, ки инҳо ҳам аломати омадани заминларзаи шадид буда метавонад. Вале мушкилӣ аслӣ ҳамон фарқи таконҳост, ки намедонед, таконе ки рух медиҳад, аслӣ аст ва ё муқаддамотӣ. Ин як падидаи бисёр печида аст. Пешбинии заминларза аз рӯи нишонаҳои таҷаммӯъи гази радон ҳам таҷрибаи пазируфташуда дар арсаи байналмилал аст ва дар аксари кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад, вале аз рӯи ҳамин аломатҳо ҳам пешгӯии дақиқи заминларза бисёр мушкил аст.»

Пас дар ин ҳолат метавон гуфт, ки пешгӯии заминларза дар Тоҷикистони зилзилахез, ки ҳар сол шоҳиди садҳо ё ҳазорон заминларзаи заъиф мешавад, бисёр сахттар хоҳад буд?

«Шумо медонед, дар Тоҷикистон ҳам чунин падида мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар соли 1949 дар заминларзаи Ҳоит чунин шуда буд. Заминларза 10-уми июл рух дода буд ва таконҳои муқаддамотӣ рӯзи 8-уми июл ба вуқӯъ пайваста буданд. Дар ҳақиқат дар он ҷо ҳам фаъолшавии сейсмикӣ мушоҳида нашуда буд, баъди таконҳои заъифи 8 –уми июл, рӯзи 10-ум зилзилаи шадид ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он 20 ҳазор нафар ҷон доданд. Зимнан, мо моҳи июли ҳамин сол дар робита ба садсолагии заминларзаи Ҳоит бо дастури ҳукумат як конфронси байналмилалӣ баргузор мекунем.»

Аммо аз зилзилашиносони Итолиё ва ин заминларзаи ахир дар он ҷо чӣ дарсеро метавон омӯхт, ки ин кишвар зилзилахезтарин минтақаи Аврупо маҳсуб мешавад?

«Воқеан, улуми геофизика ва сейсмологияи Итолиё маъруфияти ҷаҳонӣ касб кардааст. Аз назари илмӣ ва сейсмикӣ ин минтақаи бисёр аҷиб аст, ин ҷо вулқонҳои зиёд ва падидаҳои зиёди геофизикӣ аст ва Итолиёро метавон Маккаи олимони геофизика номид. Аз ин хотир, мо аз онҳо метавонем чизи бисёреро омӯзем, онҳо аз назари фаннӣ бисёр хуб муҷаҳҳазанд ва заминларза падидаи табииест, ки онро бояд ҳамроҳ таҳқиқ кард ва таҷрибаҳое, ки ҳар кишвар дорад, барои поён бурдани хатари заминларза дар кишварҳои мо бисёр муфид аст.»

Аммо дар масъалаи рафъи оқибатҳои заминларза чӣ, ҳоло то куҷо дар Тоҷикистон дар ин самт пешрафт мушоҳида мешавад?

«Раъфи паёмадҳои заминларза ҳам силсилаи чорабиниҳои зиёдеро дар бар мегирад ва ин ҳам як илми алоҳидаи бузург аст. Дар солҳои ахир дар дунё абзору таҷҳизоти зиёд ихтироъ шудааст. Ба кишвари мо ҳам созмонҳои байналмилалӣ бисёр кӯмак кардаанд, ва бо таҷҳизот моро таъмин карданд, дар кишвар созмонҳои махсус барои ҳифзи амнияти мардум ва коҳиш додани хатароти фалокатҳои табиӣ дар маҳалҳои зист фаъолият мекунанд. Ҳоло таҷҳизоти бисёр хубе вуҷуд дорад, ки дар рафъи паёмадҳои заминларза бисёр кӯмак мекунад, вале пеш аз ҳама бояд кӯшид, то мардуми осебдидаро раҳо намуда ва таҳдид ба ҷони мардумро кам кард.»
XS
SM
MD
LG