Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Русия дар бораи нооромиҳои Молдова


Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, нооромиҳои Молдоваро сӯиқасд ба истиқлолияти ин кишвар номид. Вазорат ба нерӯҳое ишора кард, ки пайванди Молдова ва Руминияро мехоҳанд ва гуфт, "дар дасти ташкилкунандагони беназмиҳо парчамҳои Руминия фаровон ба назар мерасад." Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳори умедворӣ кард, ки "ақли солим бартарӣ хоҳад ёфт" ва дар чанд рӯзи оянда "назми иҷтимоиву конститутсионӣ барқарор хоҳад гашт." Дар ин байн, хабаргузории РИА-Новости иттилоъ дод, ки сафири Руминия дар Молдова шахси дилнохоҳ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG