Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ироқиҳоро ба оштию ваҳдат даъват кард


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, аз ҷиноҳҳои ироқӣ даъват кард, рӯ ба оштии сиёсӣ оранд ва масъулияти кишвари худро бар дӯш бигиранд. Обама, ки бо сафари эълоннашуда 5 соат дар Ироқ буд, бо фармондеҳон ва сарбозони амрикоӣ мулоқот кард. Вай ҳамчунин бо сарвазири Ироқ, Нурии Ал-Моликӣ, вохӯрд ва гуфт, 18 моҳи оянда барои амният ва эътидоли Ироқ зимни интихоботи нав ва хуруҷи нерӯҳои Амрико то поёни соли 2011 давраи "ҳалкунанда" хоҳад шуд. Ҳоло Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ 140 ҳазор сарбоз дорад ва президент Обама мухолифи ҷанги Ироқ буд, ки ба гуфтаи ӯ, эътилофи ҷаҳонии зидди терроризмро пароканда кард.
XS
SM
MD
LG