Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки-мун шаллоқзанӣ дар Покистонpo маҳкум кард


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун шаллоқзании як духтари ҷавон дар Покистонро, ки навори видеои он нашр шудааст, маҳкум кард. Бан гуфт, ҳуқуқи инсон бояд барои ҳама яксон бошад ва аз тасмими раиси Додгоҳи олии Покистон, Ифтихор Чоудрӣ, истиқбол кард, ки ба таҳқиқи ҳодиса дастур додааст. Навори видео ҳафтаи гузашта дар интернет пайдо шуда, дар шабакаҳои телевизионии Покистон ба намоиш даромад ва дар он саҳнаи шаллоқзании духтари 17-сола дида мешавад. Ҳодиса дар водии Свот ба вуқӯъ пайвастааст, ки мақомоти давлат дар моҳи феврал татбқи қонунҳои шариатро дар ин ҷо иҷозат доданд. Бан дар масъалаи қонуни нави Афғонистон дар бораи аҳволи аҳли шиъа низ изҳори назар кард ва гуфт, ин қонун ҳамчун нақзи ҳуқуқи зан бояд бекор карда шавад.
XS
SM
MD
LG