Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яҳудиҳои бухороӣ - лоббии Тоҷикистон дар Амрико?


Гари Аккерман, раиси зеркомиссияи робитаҳои хориҷии Конгресси Амрико дар умури Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ аз маркази яҳудиҳои Бухоро дар минтақаи Квинси Ню-Йорк дидан кард.

Дар моҳҳои наздик Конгресси яҳудиҳои бухороии Амрико ва Канада 10-умин солгарди таъсисашро таҷлил хоҳад кард ва дар пешорӯи ин маросим мақомдорони Конгресс яке аз бонуфузтарин конгрессменҳои Амрикоро ба меҳмонӣ хонданд.

Меҳмони баландрутбаро президенти Конгресси яҳудиҳои бухороии Амрико ва Канада Борис Қандов, хохоми аъзами яҳудиҳои бухороӣ Исҳоқ Иёшува ва сардабири ҳафтавори “The Bukharian times” Рафаэл Некталов истиқбол намуданд. Пеш аз ҳама конгрессмен Аккерман бо бинои 5-ошёнаи марказ, ки каниса, дафтарҳои корӣ, толори пазироӣ ва амсоли инро дар бар мегирад, шинос шуд. Баъд аз дидани осорхонаи каниса, ки дар он ҷо нусхаҳои қадимаи Таврот маҳфузанд, конгрессмен бо раҳбарони иттиҳоди яҳудиҳои бухороии Амрико ва Канада мулоқот кард.

Дар ин дидор хохоми аъзами яҳудиҳои бухороӣ Исхоқ Иёшува ба конгрессмен хабар дод, ки дар ивази канисаи тахрибшудаи Душанбе мақомоти Тоҷикистон ба ҷомеаи яҳудиҳои Душанбе дар маркази шаҳр як бинои мӯҳташамеро тақдим кард, ки ин иқдом аз ҷониби яҳудиҳои бухороии ҷаҳон гарм истиқбол шуд. Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон на бештар аз 100 оилаи яҳудӣ ба сар мебарад. Ӯ гуфт, тоҷикону яҳудиҳо собиқаи тӯлонии ҳамзистии мусолиматомезро доранд ва ҳар дафъа, ки сарвари Тоҷикистон ба Ню-Йорк меояд, кӯшиш мекунад, ки бо собиқ шаҳрвандони яҳудии Тоҷикистон вохурӣ кунад, дар тафовут ҳатто аз мақомдорони Исроил.

Исҳоқ Иёшува гуфт, Тоҷикистон яке аз маконҳои назирест, ки яҳудиҳо ҳеҷ вақт бо ягон мушкил ё таъқиб рӯбарӯ нашудаанд. Ӯ гуфт, агар муносиботи мусалмонон ва яҳудиҳо дар саросари боқии ҷаҳон мисли муносибатҳои яҳудиҳо бо тоҷикон, қазоқҳо, узбакҳову қирғизҳо мебуданд, олам гулистон мегардид. Ба ақидаи раҳбарони Конгресси яҳудиёни бухороии Амрикову Канада, кишварҳои Осиёи марказиро мешавад ҳамчун пули миёни тамаддунҳои Шарқу Ғарб истифода бурд.

Конгрессмен Аккерман гуфт, хеле муҳим аст, ки мардуми ҷаҳон бидонанд, ки яҳудиҳо ва мусалмонон тавонистанд дар тӯли 2 ҳазор сол дар Осиёи марказӣ ҳамзистӣ кунанд. Ва тӯли ин 2 ҳазор сол муомилаи мардуми Осиёи марказӣ бо яҳудиҳо аз бархӯрд бо онҳо дар асри гузашта дар Аврупо беҳтар буд.

Дар поёни вохурӣ раҳбарони Конгресси яҳудиҳои бухорои гуфтанд, солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳон, ҳангоме, ки дар Аврупо қатли оми яҳудиҳо ҷараён дошт, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дастикам 400 ҳазор гурезаи яҳудӣ паноҳгоҳ пешниҳод карда буданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин бора ҳеҷ чизеро намедонад.
XS
SM
MD
LG