Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори намояндагони ИА бо Ҳ. Зарифӣ


Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни сафарашон ба Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот анҷом дода, масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот масоили меҳварӣ вазъи Афғонистон, кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҷилавгирӣ аз таъсири амиқи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод ба Тоҷикистон ва ширкати ИА дар ҳалли мушкилоти об дар Осиёи Марказӣ буд. Дар робита ба мушкилоти оби Осиёи Марказӣ гуфта шуд, иштироки ИА дар ҳалли ин қазия ба пуштибонӣ аз кадом як ҷониби мушаххас нахоҳад буд ва дар зимн манофеи минтақа мавриди назар қарор гирифта мегирад.

Пйер Морел, сафири Иттиҳоди Аврупо дар ОМ пас аз дидораш бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, истифодаи манобеъи об дар Осиёи Марказӣ аз масоили аслии ҳамкориҳои кишварҳои минтақа аст ва ин иттиҳодия тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ ва кӯмак ба ин кишварҳо дар ҳалли ин мавзӯи баҳсбарангез саҳм гузорад. Оқои Морел бар ин аст, ки қабл аз ҳама Иттиҳоди Аврупо ба истифода аз захоири оби ОМ аз сӯи кишварҳои минтақа баҳои воқеӣ дода ва шароиту заминаҳои ҳамкории кишварҳоро дар ин масъала фароҳам хоҳад кард. Вай афзуд, кӯмакҳои фаннӣ ва машварат дар ҳалли мушкили истифода аз захоири оби Осиёи Марказӣ ҷузве аз барномаи иштироки Иттиҳоди Аврупо дар роҳи ҳалли баҳси оби Осиёи Марказӣ мебошад. Сафири Иттиҳоди Аврупо ҳамзамон афзуд, дар интиҳои моҳи майи соли ҷорӣ таҳқиқи мавзӯи истифодаи захоири оби Осиёи марказиро дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии минтақа дар Душанбе идома медиҳанд ва феълан коршиносони кумиссиюни ИА дар ин робита барномаи хосеро омода кардаанд.

Масъалаи дигари ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон дар робита ба нармтар кардани шиддати бӯҳрони саросарии иқтисод ба ин кишвар будааст, ки низ Иттиҳод барномаи махсусеро рӯи даст гирифтааст. Норберт Ҷустен, раҳбари ҳайати намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар ин сафар ба Тоҷикистон аз афзоиши ҳузуру кӯмакҳои молии Комиссияи Аврупо ба Тоҷикистон сӯҳбат кард ва гуфт, қабл аз ҳама роҳи муқобила ба бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод дар Тоҷикистон идомаи бетаъхири ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳтар сохтани фазои тиҷорат ва рушди бахшҳои мухталифи иқтисод аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки оқои Ҷустен афзуд, кӯмаку сармоягузориҳои қаблан ваъдакардаи Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои солҳои баъдӣ ҳифз хоҳад шуд ва ин кӯмакҳо шомили барномаҳои пуштибонии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод намешавад.
XS
SM
MD
LG