Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис тазоҳургаронро аз парлумон берун кард


Бино ба хабарҳо, пулиси Молдова бинои парлумон ва қасри раёсати ин ҷумҳуриро дубора зери назорати худ даровардааст. Тазоҳургарон, ки лағви натоиҷи интихоботи парлумонии бо пирӯзии ҳизби ҳокими коммунист анҷомёфтаро талаб мекарданд, дирӯз ин ду сохтмонро дар пойтахт, шаҳри Кишинёв ғасб карданд. Дар задухӯрдҳо, бино ба хабарҳо, ҳудуди 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Раисиҷумҳури Молдова Владимир Воронин, ки бо анҷоми ҳарду давраи мумкини раёсаташ бояд акнун истеъфо диҳад, мухолифинро ба талоши, ба гуфтаи ӯ, “табаддулот” айбдор кард. Мухолифин натоиҷи интихоботи рӯзи якшанберо эътироф накарда, баргузории интихоботи навро талаб доранд. Бар асоси натоиҷи расмӣ, ҳизби коммунист дар интихобот қариб нисфи ороро бурдааст.
XS
SM
MD
LG