Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти собиқи Перу ба 25 соли ҳабс маҳкум шуд


Як додгоҳи вижа дар Перу раиси пешини он ҷумҳурии Амрикои Лотинӣ Алберто Фуҷимории 70-соларо бо ҷурми даст доштан дар ҷиноёт алайҳи ҳуқуқи башар ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси ҳукми ин додгоҳи иборат аз 3 қозӣ, Фуҷиморӣ дар солҳои набарди давлаташ бо чирикиҳо дар солҳои навадум ба як воҳиди низомии ҷаллод барои анҷоми ду куштори дастаҷамъӣ дастур додааст ва дар натиҷаи он ду амалиёт 25 нафар кушта шудаанд. Фуҷиморӣ қаблан бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд. Вакили мудофеъи ӯ гуфт, ки Фуҷиморӣ бознигарии ҳукми ахирро тақозо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG