Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Байден ҳамла ба Эронро" ғайриоқилона" номид


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфт, ҳукумати нави Исроил ба раҳбарии сарвазир Бенямин Нетаняҳу шояд “ғайриоқилона” ҷиҳати ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон иқдом кунад. Аммо Байден дар мусоҳиба бо телевизиони амрикоии СНН гуфт, ӯ бовар намекунад, ки Нетаняҳу ба ҳамла алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон иқдом кунад. Давлати Исроил Эронро бузургтарин таҳдид ба бақои худ шинохта, ба барномаҳои ҳастаӣ ва рушди барномаҳои мушакҳои дурпарвози раҳбурдии Эрон таъкид мекунад. Аммо Эрон ҳар навъ талош доштанаш барои сохтани силоҳҳои ҳастаиро радд карда, мегӯяд, барномаҳои ҳастаиро танҳо ба хотири тавлиди нирӯи барқи ҳастаӣ таъқиб мекунад.
XS
SM
MD
LG