Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбиниҳои манфӣ дар қиболи иқтисоди Украина


Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, иқтисоди Украина дучори пасрафти сахте шуда, имсол то 9 дарсад ақиб хоҳад рафт.Ин пешбинӣ аз пешбиниҳои қаблӣ хеле бадтар аст. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, мизони таваррум дар Украина имсол 16,4 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки назар ба 22 фоизи соли гузашта каме беҳтар аст, вале ҳамчунон баланд боқӣ мемонад. Интизори Сандуқи байналмилалии пул ин аст, ки иқтисоди Украина имсол дастикам 6 дарсад пас хоҳад рафт. Ин пешбиниҳо бо пешбиниҳои худи ҳукумати Украина дар таноқуз аст, ки мизони рушди иқтисодашро барои соли ҷорӣ 0,4 дарсад ва мизони таваррумро ҳамагӣ 9,5 фоиз пешбинӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG