Пайвандҳои дастрасӣ

Умеди наҷот дар ЛАкуила камтару камтар мешавад


Шумори кушташудагон бар асари заминларзаи пурқурбонии ду рӯзи пеш дар вилояти кӯҳистонии Абруззо, дар Итолиё, аз 230 нафар гузашт. Силсилаи заминларзаҳои баъдӣ дар ин минтақа боиси фурӯрезии бештари оворҳо ва монеъи идомаи амалиёти наҷот дар шаҳраки ЛАкуила шуд. Гурӯҳҳои наҷотбахш дирӯз, баъд аз 40 соати заминларза як зани 20-соларо аз зери овор зинда берун кашиданд. Аммо умеди зинда пайдо кардани афроди дигаре, ки зери овор мондаанд, соат ба соат камтар мешавад. Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ гуфт, амалиёти наҷотдиҳӣ дар маҳалли офат 2 рӯзи дигар идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG