Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воронин рӯйдодҳои Кишинёвро "табаддулот" номид


Раисиҷумҳури Молдова Владимир Воронин эътирозҳои хушунатомезеро, ки пойтахти ин кишвар, шаҳри Молдоваро фаро гирифт, “табаддулот” ба қалам дод. Дар пайи ғасби бинои парлумон ва қасри раёсатҷумҳурӣ аз ҷониби тазоҳургарон, Воронин дар як паёми телевизионӣ гуфт, мақомот қотеъона аз давлат дифоъ хоҳанд кард. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки ба даргирӣ бо нирӯҳои пулис ва беназмӣ печид, дасти кам 40 нафар маҷрӯҳ шуданд. Эътирозгарон лағви натоиҷи интихоботи парлумонии рӯзи якшанберо, ки бо пирӯзии ҳизби ҳокими коммунист анҷом ёфт, талаб мекарданд.
XS
SM
MD
LG