Пайвандҳои дастрасӣ

Лангариев бо 7 ёраш ҳукми зиндони абад гирифт


Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи пурсарусадои Сӯҳроб Лангариев ва ёрони ӯро ба поён оварда, 8 нафар, аз ҷумла Сӯҳроб Лангариев ва Нурмуҳаммад Сафаров, фарзанди фармондеҳи Фронти Халқӣ Сангак Сафаровро бо ҷурми даст доштан дар мухолифати мусаллаҳона бо давлат, тиҷорати миқдори бузурги маводи мухаддир ва сарҳадшиканӣ ба ҳабси умрбод маҳкум кард. 11 муттаҳами дигар дар иртикоби ин парванда аз 6 то 21 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Аъзои гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев дар поёни моҳи майи соли гузашта дар пайи як задухӯрди 15-соата бо нирӯҳои давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб дастгир шуданд. Муҳокимаи парвандаи онҳо пушти дарҳои баста сурат гирифт ва вакилони мудофеъи Лангариеву ёронаш мегӯянд, аз ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG