Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди ногаҳонии Обама аз Ироқ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки рӯзи сешанбе бо як сафари қаблан эълонношуда аз Ироқ дидан кард, гуфт, 18 моҳи оянда, ки нирӯҳои Амрико тарки Ироқ мекунанд, метавонанд барои ин кишвар ҳаллкунанда бошанд. Обама гуфт, ин фурсатест, ки ироқиҳо бояд худ масъулияти умури кишварро бар дӯш бигиранд. Барак Обама ибтидо бо фармондеҳон ва сарбозони амрикоӣ мулоқот карда, сипас дар пойгоҳи низомии Амрико дар ҳошияи Бағдод бо сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ пойи сӯҳбат нишаст. Моликӣ гуфт, раисиҷумҳури Амрикоро итминони хотир додааст, ки пешрафт дар амри беҳбуди амният дар Ироқ ҳамчунон идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG