Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши президенти Молдова ба хушунатҳо дар Кишинёв


Президенти Молдова, Владимир Воронин дар ҷаласаи изтирории ҳукуматаш, хушунатҳоеро, ки ба думболи тазоҳуроти зидди натиҷаҳои интихобот ба амал омад, як иғвогарӣ барои барҳам задани эътидол дар кишвар, як "васвасаи девонагӣ" номид. Вай гуфт: "Ин як амалиёти хеле хуб омодашуда, хеле хуб андешидашуда ва зоҳиран ҳамчунин хеле хуб сармоягузоришуда мебошад."

Коммунистҳои президент Владимир Воронин наздик ба 50 дарсад раъй гирифтанд, ки ба онҳо имкон медиҳад дар порлумон аксариятро ташкил диҳанд ва президенти ояндаи кишварро интихоб кунанд. Воронин, ки ду давр раёсат кард, ҳаққи ширкат дар ин интихоботро надорад. Вай қарор аст, бо паёме ба мардуми Молдова муроҷиат кунад.
XS
SM
MD
LG