Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари эълоннашудаи Обама ба Ироқ


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, бо аввалин сафар аз шурӯъи раёсаташ дар моҳи январ, вориди Ироқ шуд. Ин ҳаракати аз пеш эълоннашудаи ӯ поёнбахши сафари ҳаштрӯзааш дар Аврупо гардид, ки дар ҷараёни он дар нишасти Ҷӣ-20 ва ҷашни НАТО ширкат кард ва ду рӯзи охир дар Туркия буд. Обама дар Ироқ бо фармондеҳон ва сарбозони Иёлоти Муттаҳида мулоқот кард ва бо раҳбарони Ироқ телефонӣ сӯҳбат дошт. Намояндагони Кохи сафед мегӯянд, сабаби гуфтугӯи телефонӣ ин буд, ки ба иллати бад будани ҳаво чархболи Обама натавонист дар Бағдод фуруд ояд. Пеш аз ин сафар, ҳанӯз дар Истамбул Обама гуфт, ҳамчун мухолифи ишғоли Ироқ вай ба хуруҷи нерӯҳо омодааст, аммо аз пайомадҳои ин амал дар марҳилаи феълӣ андеша мекунад.
XS
SM
MD
LG