Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳо аз ташаннуҷи авзоъ дар Кишинёв


Ҳазорон нафар аз тазоҳуркунандагон, ки дар маркази Кишинёв, пойтахти Молдова, ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии Молдова эътироз мекарданд, баъди ба хушунат пайвастани гирдиҳамоии осоишта ба кохи раёсатҷумҳурӣ ва бинои порлумони ин кишвар ҳамла карданд. Тибқи хабарҳо дар ин ҳодиса ба камияш 40 нафар, аз ҳарду ҷониб, ҳам эътирозгарон ва ҳам полис, захмӣ шудаанд. Ҳавиер Солана, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз ҳамаи тарафҳо даъват кард, ба иғво дода нашаванд ва аз хушунат худро нигаҳ доранд. Вай аз тазоҳуркунандагон хост, ба зӯроварӣ роҳ надиҳанд ва аз мақомот хост ба намоиши осоишта дахолат накунанд. Ноиби вазири умури хориҷии Русия, Григорий Карасин гуфтааст, Маскав вазъиятро бо нигаронӣ думбол мекунад. Мақомоти Руминия, ҳамсояи Молдова ва узви Иттиҳоди Аврупо, низ гуфтаанд, аз таҳаввулоти ахир дар Кишинёв нороҳатанд.
XS
SM
MD
LG