Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори бозсозии равобит бо олами ислом шуд


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз пеш аз поёни сафараш дар Туркия гуфт, вай хостори бозсозии равобит бо олами ислом аст. Вай гуфт, Амрико ҳаргиз дар ҳоли ҷанг бо ислом набуд ва нахоҳад буд. Обама инчунин гуфт, вай бовар дорад, ки сулҳи Ховари Миёна имконпазир аст, вале барои ин Исроил ва фаластиниҳо бояд гузашт кунанд. Дар дидор бо донишҷӯён дар Истамбул, Обама афзуд, президенти Амрико интихоб шудани ӯ, ки на аз хонаводаи сарватманд, на аз оилаи афроди машҳур, балки аз ақаллиятҳои нажодист, ба амрикоиҳо дар мавриди имконпазирии тағйир эътимоди қавитар дод ва дар хориҷа имконияти беҳбуди симои Амрико дар ҷаҳони имрӯзро ба вуҷуд овард.

"Ман ҳамчунин фикр мекунам, мардум аз он ташвиқ мешаванд, ки касе монанди ман, бо таҷрибаи зиндагӣ дар хориҷ, бо доштани мусулмон дар хонаводааш, метавонад дар миёни қисматҳои гуногуни ҷаҳон пулҳое бунёд кунад."

Обама, дар Истамбул ҳамчунин бо намояндагони мазҳабҳои гуногун мулоқот кард ва ҷӯёи иттиҳоди мӯътадилони мазҳабӣ бар зидди тундгароӣ шуд. Дар ин мулоқот намояндагони ислом, яҳудия ва шохаҳои мухталифи насоро ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG