Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати ҳабси кафшандози ироқӣ аз 3 ба 1 сол коҳиш ёфт


Додгоҳи Ироқ ҳукми зиндони журналисти ироқӣ, Мунтазир Зайдиро бо назардошти гузаштаи пок аз ҷинояташ аз се ба 1 сол коҳиш дод. Қабланд Зайдӣ дар ҳамла ба раҳбари хориҷӣ дар ҷараёни сафари расмӣ айбдор мешуд, ки 15 соли ҳабс ҷазо дорад, аммо додгоҳ ин иттиҳомро ба исбот нарасонд ва амали Зайдӣ изҳори хашми ӯ унвон гардид. Зайдӣ моҳи декабри соли гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Бағдод кафшҳои худро ба тарафи президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш ҳаво дода буд.
XS
SM
MD
LG