Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунатҳо дар маркази Кишинёв, пойтахти Молдова


Бо ҳамла ба кохи раёсатҷумҳурӣ ва бинои порлумони Молдова тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Кишинёв ба хушунатҳо гароид. Ба камияш 10 ҳазор нафар, асосан ҷавонон, рӯзи дувум буд, дар маркази пойтахти Молдова зидди пирӯзии коммунистҳо дар интихоботи порлумонӣ гирдиҳамоӣ мекарданд ва ба зудӣ бархе аз онҳо дару тирезаҳои кохи раёсатҷумҳурӣ ва порлумонро шикастанд ва вориди биноҳо шуданд. Пизишкон мегӯянд, дар ин ҳодиса наздик ба 20 нафар захмӣ шудаанд. Хабарнигори радиои Озодӣ, Лулиан Чиочан, дар ҳоле ки аз ҷои ҳодиса сӯҳбат мекард, вазъиятро ин гуна тасвир кард:

"Ман дар паҳлуи кохи раёсатҷумҳурим ва ин ҷо ҳазорон нафар аз ҷавонон тирезаҳои табақаи аввалро шикастанд ва ба бино дохил шуданд. Онҳо чизеро оташ заданд ва аз баъзе тирезаҳо дуди ғализ берун меояд. Полис талош кард, онҳоро дар даромадгоҳи кохи раёсатҷумҳурӣ боздоранд, аммо тӯда онҳоро ба даруни бино тела дод. Полис талош кард, аз обпошҳо истифода кунад."

Шаҳрдори Кишинёв, Дорин Чиртоаса, ки ҳизби ғарбгарои либероли ӯ, дар интихобот ҷои савумро гирифт, мегӯяд, хушунатро муште аз иғвогарон ба роҳ монданд, ки ба сафи тазоҳуркунандагони осоишта ворид шудаанд.

Коммунистҳои президент Владимир Воронин наздик ба 50 дарсад раъй гирифтанд, ки ба онҳо имкон медиҳад дар порлумон аксариятро ташкил диҳанд ва президенти ояндаи кишварро интихоб кунанд. Воронин, ки ду давр раёсат кард, ҳаққи ширкат дар ин интихоботро надорад. Вай қарор аст, бо паёме ба мардуми Молдова муроҷиат кунад.
XS
SM
MD
LG