Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи "Восток"-ро кӣ куштааст?


Сулим Ямадаев, фармондеҳи баталйони "Восток" бо Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар ихтилоф буд.

Сулим Ямадаев, фармондеҳи баталйони "Восток" бо Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар ихтилоф буд.

Полиси Имороти Муттаҳидаи Араб мегӯяд, вакили Думаи Давлатӣ, Палатаи поёнии парламенти Русия, ки аслан аз хешу ақрабои Рамзан Қодиров, президенти ҷумҳурии Чеченистони Русия мебошад, муттаҳами асосӣ дар куштори собиқ генерали чечен ба шумор меравад.

Раиси полиси Дубай генерал-лейтенант Даҳӣ Халфан бин Тамим иброз дошт, ӯ тариқи Интерпол дархости байнулмилалии боздошти Одам Делимхонов, муовини раиси Кумитаи умури минтақаҳои думаи Давлатии Русияро интишор хоҳад кард.

Сулим Ямадаев 31-уми март дар назди манзили зисташ дар аморати Дубай ба қатл расид.

Аммо Делимхонов ба воситаи сухангӯяш изҳороте пахш намуда, даст доштан дар куштори Ямадаевро рад кард. Ӯ гуфт, дар тӯли ҳаёташ бо террористон ҷанг кардааст ва ҳозир аст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти Дубай кӯмак расонад.

Дар ҳамин ҳол, генерал Тамим дар Дубай тафсилоти бештари кушторро ошкор кард. Ӯ гуфт, қотилон дар канори минтақаи Ҷумайра Ямадаевро ҳадафи тир қарор дода, сипас таппончаро дар кӯча партофтаанд. Ӯ афзуд, таппончаи Макаров ба мисли таппончаҳои муҳофизони Делимхонов дастаи тилоӣ дорад.

Идораи додситонии Русия борҳо таъкид кардааст, ки бар пояи қонуни асосии Русия онҳо ҳақ надоранд, шаҳрванди худро барои муҳокима ба кишвари дигар фиристанд.

Генерал Тамим ҳамчунин тасдиқ кард, ки дар иртибот бо ин куштор як шаҳрванди Тоҷикистон ва як эронӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Хабаргузории Авасто бо такя ба иттилои мақомоти Дубай навиштааст, шаҳрванди Тоҷикистон Мақсудҷон Исматов ва муттаҳами эронӣ Маҳдӣ Лорниё ном доранд.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Cулаймон Рашидов, корманди вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард.

Руслан Кутаев, раиси Кумитаи байналмилалии ҳалли мушкилоти Қафқози Шимолӣ изҳор намуд, ки асосе надорад ба суханони полиси Дубай бовар накунад. Ба қавли Юлия Латинина, шореҳи сиёсии умури Русия, Рамзан Қодиров ба ҳалқаи наздиконаш фаҳмондааст, ки дар сурати вуқӯи ҳодисае бо худи ӯ Делимхонов бояд раёсатҷумҳурии Чеченистонро бар дӯш гирад. Одам Делимхонов писарамаки Қодиров ва аз наздиктарин афроди ӯ мебошад.

Умар Исроилов, як муҳоҷири дигари чечен ба додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо нома навишта, Делимхоновро масъули боздоштҳои ғайриқонунӣ ва шиканҷаи мардум эълон карда буд. Исроиловро моҳи январ дар Вена ба қатл расонданд.

Вакили дигари Думаи давлатӣ Руслан Ямадаев бародари бузурги Сулим ва рақиби раёсатҷумҳурии Қодиров моҳи сентябри соли гузашта дар Маскав кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG